- гузаронидан
- [گذراندن // گذرانيدن]тарзи бавоси-таи гузаштан1. чизеро аз даруни чизе убур додан (мас., риштаро аз сӯрохи сӯзан); чизеро ба воситаи чизе интиқол додан2. касеро ё чизеро аз ҷое ба ҷои дигар бурдан; тағйир додани ҷои касе ё чизе; аз дарё гузаронидан ба он тарафи дарё убур додан, ба он тарафи дарё гирифта гузаштан3. гирифта бурдан, убур кунондан, гирифта гузаштан4. ба сар бурдан, тай кардан; рӯз(ро) гузаронидан умр ба сар бурдан, зиндагӣ кардан; умр гузаронидан умр ба сар бурдан, зиндагӣ кардан5. анҷом додан, ба охир расондан6. рӯнавис кардан, аз рӯи матне бардошта навиштан, нақл кардан7. ташкил кардан, барпо намудан: маҷлис гузаронидан, намоиш гузаронидан◊ аз дами шамшер гузаронидан куштан, қатл кардан; аз дил гузаронидан фикр кардан, хаёл кардан; аз назар гузаронидан а) дида баромадан, баррасӣ кардан; б) муоина намудан; тамошо кардан; аз сар гузаронидан паси сар кардан, ба сар бурдан, дидан, сипарӣ кардан; аз ҳад гузаронидан аз доираи эътидол берун баромадан, аз андоза таҷовуз кардан, ифрот кардан; нафас нагузаронида беист, таваққуф накарда, дам нагирифта (мас., гап задан)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.